Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ҷоми Истиқлол насиби кӣ шуд?

Ҷоми Истиқлол насиби кӣ шуд? Ҷоми Истиқлол насиби кӣ шуд?

13.09.2019

: 1035

Бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ мусобиқаҳои варзишӣ барои дарёфти Ҷоми Истиқлоли давлатии Тоҷикистон баргузор шуд.

Аз ҷумла, бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон 1-5 сентябр дар шаҳри Хоруғи мусобиқаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оид ба волейбол ва дзюдо миёни ҷавонон ва 2-6 сентябр миёни ҷамоатҳои деҳот ва ташкилоту муассисаҳои шаҳри Кӯлоб мусобиқаҳои волейбол ва футболи хурд доир гашт.
Пас аз 5 рӯзи рақобатҳо дар мусобиқаи шаҳри Кӯлоб оид ба футболи хурд дастаи Чармгарони поён ғолиб шуд. Ҷои дуюмро мактаби варзишии шаҳр ва ҷои сеюмро дастаи Чаманзор ишғол намуданд. Дар мусобиқаи шаҳри Кӯлоб оид ба волейбол бошад, дастаи деҳоти Даҳана пирӯз шуд. Коллеҷи тиббии шаҳр ҷои дуюм, дастаи деҳоти Зиракӣ ҷои сеюмро сазовор гардиданд.
Дар мусобиқаи ВМКБ оид ба волейбол миёни мардон 6 даста иштирок намуда, волейболбозони Донишгоҳи давлатии Хоруғ дар ҳар панҷ бозӣ ғалаба карда, ҷои аввалро ба даст овард. Ҷои дуюм насиби дастаи ноҳияи Шуғнон, зинаи сеюм насиби ноҳияи Роштқалъа гардид.
Мусобиқаи ВМКБ оид ба дзюдо миёни ҷавонон аз рӯи се категорияи вазнӣ (-66кг, -73кг, -81кг) сурат гирифт. Дар мусобиқа варзишгарон аз шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ванҷ, Рӯшон, Роштқалъа ва Шуғнон ширкат карда, дар натиҷа ғолибон ба таври зайл муайян гаштанд:

Вазни -66кг
1. Арафати Ризо (Хоруғ)
2. Қурбонҷонов Ҷ. (Шуғнон)
3. Қурбонбеков Сафарганҷ (Шуғнон)

Вазни -73кг
1. Куканбеков Амриддин (Хоруғ)
2. Тайғунов Карамхудо (Рӯшон)
3. Қаландарбеков Шоназар (Шуғнон)

Вазни -81кг
1. Девлохов Фарид (Хоруғ)
2. Мавлододов Анушер (Хоруғ)
3. Куканбеков Шамил (Хоруғ)

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба ғолибони мусобиқоти даставӣ ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 4000 сомонӣ, барои ҷои дуюм 3000 сомонӣ ва барои ҷои сеюм 2000 сомонӣ ва ба ғолибони мусобиқаи дзюдо 3000 сомонӣ, барои ҷои дуюм 2000 сомонӣ, барои ҷои сеюм 1000 сомонӣ тақдим кард.
Мусобиқаҳои варзишӣ барои дарёфти Ҷоми Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани 28-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, таъмини оммавияти варзиш, ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш ва дарёфти чеҳраҳои нави варзиш роҳандозӣ гардид.