Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Муштзанҳои тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон иштирок доранд

Муштзанҳои тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон иштирок доранд Муштзанҳои тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон иштирок доранд

10.09.2019

: 1078

8 сентябр дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Руссия Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни мардҳо оғоз гардид, ки то 21 сентябр идома меёбад.

Тибқи иттилои Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳаваскорӣ (AIBA), дар чемпионат 365 варзишгар аз 78 давлат аз рӯи 8 категорияи вазнӣ - -52кг, -57кг, -63кг, -69кг, -75кг, -81кг, -91кг ва +91кг – барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ талош мекунанд.
Аз ҷумҳурии мо 4 варзишгар – Бахтовар Сагизов (-57кг), Баҳодур Усмонов (-63кг), Шаббос Негматуллоев (-81кг) ва Мирзомуҳаммад Бахтиёр (-75кг) бо роҳбарии сармураббӣ Мирзо Шамсиев ба Екатеринбург сафарбар гардидаанд. Дар рӯзи аввал Мирзомуҳаммад Бахтиёр аз ҳарифи амрикоиаш Ҷавиа Мартинез шикаст хурд. Шаббос Негматуллоев имрӯз – 10 сентябр – дар аввалин қувваозмоиаш муқобили Лиридон Нуҳа аз Шведсия ба ринг мебарояд. Бахтовар Сагизов 11 сентябр дар даври аввал бо Муҳаммад Ҳамоут аз Марокаш, Баҳодур Усмонов 12 сентябр бо Александ Железниак аз Украина ҳарб мекунанд.
Миёни муштзанҳои мо соли равон Баҳодур Усмонов натиҷаҳои назаррас нишон додааст. Ӯ моҳи апрел унвони чемпиони Осиёро сазовор гардида, дар мусобиқаҳои байналмилалӣ дар Бишкек (Қирғизистон) ва Атирау (Қазоқистон) медали тилло, дар Каспийск (Доғистон) медали нуқра ва дар Нурсултон (Қазоқистон) медали биринҷӣ ба даст овардааст.