Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Дурахши Муниса Ойматова дар Бейрут

Дурахши Муниса Ойматова дар Бейрут Дурахши Муниса Ойматова дар Бейрут Дурахши Муниса Ойматова дар Бейрут

08.09.2019

: 1704

Варзишгари ҷавон ва умедбахш, узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба таеквондо (WT) миёни ҷавонон Муниса Ойматова дар мусобиқаи байналмилалии “G1 Beirut Open 2019” сазовори медали тилло шуд.

Мусобиқа аз рӯи чор синну сол – кӯдакон, наврасон, ҷавонон ва калонсолон 6-8 сентябр дар шаҳри Бейрути кишвари Лубнон доир гашт. Дар қувваозмоиҳо варзишгарон аз 21 давлати дунё иштирок карданд.
Тавре аз Федератсияи таеквондо (WT)-и Тоҷикистон иттилоъ доданд, Муниса Ойматова - ягона намояндаи Тоҷикистон - дар вазни -49кг миёни ҷавонон ба гирифтани ҷои аввал мушарраф шуд. Ба ифтихори ӯ дар кишвари Лубнон Суруди миллии Тоҷикистон садо дод, ки туҳфаи арзанда ба 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мебошад.
Қайд кардан бамаврид аст, ки Муниса соли 2019 дар 5 мусобиқаи сатҳашон гуногун иштирок карда, ба гирифтани медал мушарраф шудааст. Аз ҷумла, моҳи апрел дар Алмаатои Қазоқистон, моҳи июл дар Сеули Ҷумҳурии Корея медали тилло, моҳи июл дар шаҳри Чунгчони Ҷумҳурии Корея медали нуқра ба даст овардааст.