Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Марҳилаи интихобии ЧҶ-2022: Пирӯзии Тоҷикистон бар Қирғизистон

Марҳилаи интихобии ЧҶ-2022: Пирӯзии Тоҷикистон бар Қирғизистон Марҳилаи интихобии ЧҶ-2022: Пирӯзии Тоҷикистон бар Қирғизистон Марҳилаи интихобии ЧҶ-2022: Пирӯзии Тоҷикистон бар Қирғизистон

06.09.2019

: 1159

Тими миллии Тоҷикистон марҳилаи дуюми интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022-ро дар гурӯҳи “F” бо ғалаба оғоз кард.

Дар бозии хонагӣ шогирдони Усмон Тошев бар дастаи мунтахаби Қирғизистон бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуданд. Голи ягонаро Алишер Ҷалилов дар дақиқаи 42-юм ба ҳадаф расонд.
Бозии Тоҷикистон бо Қирғизистонро дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе 17800 нафар тамошо карданд.
Дар бозии дигари гурӯҳи “F” мунтахаби Муғулистон бар тими Мянма бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард.
Акнун дар даври дуюм тими мунтахаби Тоҷикистон дар меҳмонӣ бо тими мунтахаби Муғулистон бозӣ мекунад. Ин дидор 10 сентябр дар Улан Батор сурат мегирад. Оғози бозӣ - соати 14:00 бо вақти Душанбе.

Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол-2022

Марҳилаи интихобии Осиё. Даври дуюм

Гурӯҳи «F» 
1-ум давр

ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон – 1:0
Гол: Алишер Ҷалилов, 42.

Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Давронҷон Эргашев, Хуршед Бекназаров, Аҳтам Назаров, Искандар Ҷалилов, Амирбек Ҷӯрабоев, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов (Ҷаҳонгир Эргашев, 89), Алишер Ҷалилов, Парвизҷон Умарбоев (Комрон Турсунов, 90+3), Манучеҳр Ҷалилов (Шериддин Бобоев, 87).

Қирғизистон: Павел Матяш, Темирлан Козубаев, Азамат Бойматов, Эдгар Бернхардт, Мирлан Мурзаев, Бекжан Сагинбаев, Кайрат Жиргалбек, Виталий Люкс, Бактияр Дуйшобеков (Абай Боколеев, 69), Фархат Мусабеков (Алимардон Шукуров, 76), Аҳлидин Исроилов (Турсуналӣ Рустамов, 46).

Огоҳӣ: Кайрат Жиргалбек, Азамат Бойматов, Темирлан Козубаев (Қирғизистон).

Беҳтарин бозингар: Алишер Ҷалилов (Тоҷикистон).

Сардовар: Адҳам Муҳаммад Маҳадмеҳ (Урдун).

Нозири доварон: Кадхум Ауда Лазим Ал-Саидӣ (Ироқ).

Комиссари бозӣ: Бачир Чафик Абдул Холиқ (Лубнон).

5 сентябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 17 800 мухлис.

Муғулистон – Мянма – 1:0
Гол: Дулгуун Амараа, 17.

Бозиҳои оянда:

2-юм давр
10 сентябр (сешанбе)

Муғулистон – ТОҶИКИСТОН
Мянма – Ҷопон

3-юм давр
10 октябр (панҷшанбе)

Ҷопон – Муғулистон
Қирғизистон – Мянма

4-ум давр
15 октябр (сешанбе)

ТОҶИКИСТОН – Ҷопон
Муғулистон – Қирғизистон

5-ум давр
14 ноябр (панҷшанбе)

Мянма – ТОҶИКИСТОН
Қирғизистон – Ҷопон

6-ум давр
19 ноябр (сешанбе)

Қирғизистон – ТОҶИКИСТОН
Мянма – Муғулистон

7-ум давр
26 марти 2020 (панҷшанбе)

ТОҶИКИСТОН – Муғулистон
Ҷопон – Мянма

8-ум давр
31 марти 2020 (сешанбе)

Муғулистон – Ҷопон
Мянма – Қирғизистон

9-ум давр
4 июни 2020 (панҷшанбе)

Ҷопон – ТОҶИКИСТОН
Қирғизистон – Муғулистон

10-ум давр
9 июни 2020 (сешанбе)

ТОҶИКИСТОН – Мянма
Ҷопон – Қирғизистон