Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Мавқеи дзюдочиёни тоҷик дар раддабандии нави олимпӣ

02.09.2019

: 1279

Федератсияи байналмилалии дзюдо (IJF) пас аз натиҷагирии Чемпионати ҷаҳон, ки аз 25 август то 1 сентябр дар шаҳри Токиои Давлати Ҷопон баргузор шуд, раддабандии нави олимпиро нашр кард.

Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 8 варзишгар ширкат кард. Дзюдочиёни мо аз медали чемпионат маҳрум монданд, аммо ду варзишгари мо дар вазни -73кг – Беҳрӯзи Хоҷазода ва Сомон Маҳмадбеков натиҷаи хуб нишон дода, ҷои панҷумро ишғол намуданд ва сазовори 720-холӣ гардиданд.
Дар раддабандии олимпӣ Хоҷазода Беҳрӯз аз ҷои 33-юм ба ҷои 15-ум, Сомон Маҳмадбеков аз ҷои 37 ба ҷои 20-ум баромаданд. Дар вазни +100кг Темур Раҳимов ва Шакармамад Мирмамадов то даври 1/8-ниҳоӣ роҳ ёфта, 320-холӣ дарёфт карданд ва Темур аз ҷои 29 ба ҷои 24-ум, Шакармамад бошад, аз ҷои 65 ба ҷои 42 баромаданд.
Варзишгарон тибқи талаботи низомномаи Бозиҳои олимпии Токио-2020 то 25 майи соли 2020 имкони ҷамъ кардани хол ва боз ҳам беҳтар кардани мавқеашонро дар раддабандии олимпӣ доранд. Моҳи июн раддабандӣ ҷамъбаст ва 22 нафари беҳтарин дар ҳар вазн (бо дарназардошти аз ҳар КМО дар ҳар вазн як роҳхат) ҳуқуқи иштирок дар Бозиҳои олимпии Токиоро ба даст меоранд.