Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Тими наврасони Тоҷикистон барандаи медали нуқраи Ҷоми Президенти Қазоқистон

Тими наврасони Тоҷикистон барандаи медали нуқраи Ҷоми Президенти Қазоқистон Тими наврасони Тоҷикистон барандаи медали нуқраи Ҷоми Президенти Қазоқистон

29.08.2019

: 170

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол (U-16) дар мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Қазоқистон, ки дирӯз дар шаҳри Нурсултон ба анҷом расид, ҷои дуюмро ишғол кард.

Шогирдони Аҳлиддин Турдиев дар бозии ниҳоӣ аз дастаи мизбон – Қазоқистон (U-17) бо ҳисоби 0:3 шикаст хурданд. Дар бозиҳои даври гурӯҳӣ тими наврасони мо бар ҳамсолонашон аз Арманистон (2:1) ва Қазоқистон (2:1) ғалаба карда буданд.
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) бо медалҳои нуқра ва ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 5000 доллари ИМА сарфароз гашт. Ғолиби мусобиқа – тими Қазоқистон (U-17) дар баробари медалҳои тилло 7000 доллар, барандаи медали биринҷӣ – тими наврасони Литва 3000 доллар ба даст оварданд.
Бозингари тими Тоҷикистон Алиҷон Айнӣ беҳтарин нимҳимоятгари мусобиқа дониста шуд.