Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Пирӯзии тими наврасони Тоҷикистон бар Арманистон

26.08.2019

: 123

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол (U-16) мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Президенти Қазоқистонро дар шаҳри Нурсултон бо ғалаба оғоз кард.

Шогирдони сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар бозии аввалашон бар тими наврасони Арманистон (U-17) бо ҳисоби 2:1 дастболо шуданд. Голҳоро дар ҳайати дастаи Тоҷикистон Сунатулло Азизов ва Муҷовид Шовайсиддинов ба ҳадаф расонданд.
Нимҳимоятгари дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон Алиҷони Айнӣ беҳтарин бозингари ин дидор дониста шуда, бо мукофоти махсус қадрдонӣ шуд.
Имрӯз – 26 август – дар даври ҷамъбастӣ футболбозони навраси мо бо тими наврасони Қазоқистон (U-16), ки дар даври аввал бо Арманистон мусовӣ (2:2) бозӣ карда буд, вомехуранд. Тими Тоҷикистон дар сурати мусовӣ ё ғалаба ба финали мусобиқа роҳ меёбад ва бо ғолиби гурӯҳи “А” Қазоқистон (U-17) ё Литва (U-16) бозӣ мекунад.