Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқа ба хотираи Орзуманов 4 медал гирифтанд

26.08.2019

: 1090

Варзишгарони тоҷик дар 2-юм мусобиқаи байналмилалӣ оид ба варзиши сабук ба хотираи мураббии хизматнишондодаи Узбекистон Г. Орзуманов 4 медал ба даст оварданд.

Мусобиқа 24-25 август дар шаҳри Тошканд доир гашт. Дар қувваозмоиҳо дар баробари дастаҳои минтақаҳои Узбекистон, варзишгарон аз кишварҳои Арабистони Саудӣ, Малайзия ва Тоҷикистон иштирок карданд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 11 нафар ширкат намуда, ба гирифтани 4 медал – 2 тилло, 1 нуқра, 1 биринҷӣ – даст ёфт.
Кристина Пронженко дар масофаи 400 метр бо монеа (бо натиҷаи 1:00.07), Одилшоҳ Исматов дар масофаи 800 метр (1:53.68) медали тилло ба даст оварданд. Абдурауф Мусоев дар гурзандозӣ бо натиҷаи 59.79 метр сазовори  медали нуқра, Ҳусниддин Зарифов дар ҷаҳиш ба баландӣ (2.05) сазовори медали биринҷӣ гардиданд.