Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Дидори наслҳо: Мулоқоти варзишгарон бо собиқадорони соҳа

Дидори наслҳо: Мулоқоти варзишгарон бо собиқадорони соҳа Дидори наслҳо: Мулоқоти варзишгарон бо собиқадорони соҳа Дидори наслҳо: Мулоқоти варзишгарон бо собиқадорони соҳа Дидори наслҳо: Мулоқоти варзишгарон бо собиқадорони соҳа Дидори наслҳо: Мулоқоти варзишгарон бо собиқадорони соҳа

08.08.2019

: 1126

Имрӯз – 8 август – дар шаҳри Душанбе ба ифтихори Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон, таҳти унвони “Дидори наслҳо”, мулоқоти варзишгарони ҷавону муваффақ бо собиқадорони соҳа баргузор шуд.

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, муовини Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода зимни суханронӣ ҳозиринро бо иди касбиашон шодбош гуфта, барояшон саодатмандӣ ва муваффақият таманно намуд.
А. Абдуллозода зикр намуд, ки варзишгарон зери ғамхориву таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд ва соҳаи варзиш самти афзалиятноки сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ интихоб гардидааст. Бештар аз ин, Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмоалӣ Раҳмон Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мебошанд. Ҳамин дастгириву ғамхориҳои роҳбарияти олии мамлакат моро водор мекунад, ки дар фазои сулҳу ваҳдат ҷиҳати рушди бештари соҳа ва муаррифии сазовори Тоҷикистони маҳбуб дар хориҷи кишвар масъулияти дучанд дошта бошем.
Дар идома таъкид гардид, ки истиқлолият бузургтарин самара, арзиш ва дастоварди таърихии мардуми тоҷик пас аз 1100 сол мебошад. Дар таърихи давлатдории тоҷикон мо насли хушбахтем, ки бо Қаҳрамони Тоҷикистон, Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ ҳамзамон кор мекунем.
Гуфта шуд, ки агар варзишгарони Тоҷикистон дар давоми 70 соли Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамагӣ 133 медал аз мусобиқаҳои байналмилалӣ ба даст оварда бошанд, ин рақам дар замони 28 соли соҳибистиқлолӣ ба 5000 расидааст. Аз ҷумла, шумораи медалҳои намудҳои олимпии варзиш сол то сол зиёд гардида, оммавияти варзиш таъмин гашта истодааст, иншооти бузурги варзишӣ сохта шуда, шароитҳои мусоиди машқу тамрин барои наврасону ҷавонон ва обу тоби бадан барои аҳолии кишвар фароҳам оварда мешавад. Бо ин мақсад феълан дар кишвар беш аз 10 000 иншооти гуногуни варзишӣ фаъол аст, хусусан дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе давоми ду соли охир беш аз 200 иншооти варзишӣ сохта ба истифода дода шуд, ки аз таваҷҷуҳи хоса доштани Ҳукумати ҷумҳурӣ ба соҳаи варзиш дарак медиҳад.
Феълан дар самти омода кардани варзишгарони касбӣ дар ҷумҳурӣ 140 мактаби варзишӣ амал менамоянд, ки ба онҳо беш аз 47930 нафар фаро гирифта шудаанд. Санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳа, аз ҷумла стандрати давлатӣ барои 59 намуди варзиш такмил дода шуда, ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод гардид.
Таъкид шуд, ки ба ифтихори варзишгарони мо дар шашмоҳаи аввали соли равон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ 274 маротиба Парчами давлатӣ барафрохта шуда, 108 маротиба Суруди миллии Тоҷикистон садо додааст.
- Мехоҳам миннатдории самимии худро ба ҳамаи варзишгароне, ки фаъолияташонро баҳри баланд бардоштани Парчами давлатӣ равона сохтанд, ба мураббиёни онҳо, ки заҳмат кашиданд ва ба волидайни онҳо, ки чунин ҷавонмардони боору номусро тарбия кардаанд, расонам, - иброз дошт А. Абдуллозода.
Намояндагони собиқадорон Саидаҳмад Баҳриддинов ва Муҳаммаддовуд Одинаев сухунронӣ намуда, барои ташкили чунин чорабинӣ ба масъулон изҳори сипос карданд ва аз лаҳзаҳои фаъолияташон ба ҷавонон нақл намуданд. Аз номи варзишгарон чемпиони Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон Ғаниҷон Ғаниев баромад карда, ба Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароити хуби тамрин ва дастгирии варзишгарон миннатдорӣ баён намуд. “Дар ҷавоб ба ғамхориҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ мо – варзишгарон дар ободонии диёр саҳм гузошта, кӯшиш мекунем, ки Ватани маҳбубамонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоем”.
Сипас, собиқадорони соҳа бо туҳфаҳои хотиравӣ, варзишгарон бо унвонҳои навбатӣ ва масъулони соҳа бо ифтихорномаву сипосномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш қадрдонӣ шуданд. Аз ҷумла, миёни онҳо котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Муҳаммадшо, директори генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Эркин Латипов ва мудири Шуъбаи варзиш ва омодагӣ ба бозиҳои олимпии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Мавзуна Чориева буданд.

13 варзишгар, ки бо унвони Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз шуданд:

1. Худойназари Зафар – баскетбол;
2. Ғаниев Амриддин – баскетбол;
3. Лутфуллоев Фаридун – баскетбол;
4. Хоҷазода Беҳрӯз – кураш;
5. Ашуров Хушбахт – шӯхпаймоӣ;
6. Каримов Манучеҳр – шӯхпаймоӣ;
7. Баротов Раҷабалӣ – шӯхпаймоӣ;
8. Раҳматов Давлат – шӯхпаймоӣ;
9. Сафаров Дилшод – гуштини миллӣ – гуштингирӣ;
10. Холова Фотима – кикбоксинг;
11. Икромов Ҷовид – каратэ-киёкушинкай;
12. Пайрави Шоҳзод – каратэ-киёкушинкай;
13. Кароматов Сироҷиддин – каратэ-киёкушинкай.