Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ҷоми Тоҷикистон: иштирокчиёни даври чорякфинал муайян шуданд

07.08.2019

: 101

Бозиҳои даври ҳаштякфинали Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол ба анҷом расида, иштирокчиёни даври чорякфинал муайян гардиданд. Се дастаи лигаи олии мамлакат – “Куктош”, “Истаравшан” ва “Панҷшер” натавонистанд ба даври дигар роҳ ёбанд.

Ҳамин тариқ, дар даври даври чорякфинал 5 дастаи лигаи олӣ ва 3 дастаи лигаи аввал барои ба даст овардани ҷом муборизаро идома медиҳанд. Дар даври чорякфинали Ҷоми Тоҷикистон «Хатлон» бо «Хуҷанд», КМВА «Помир» бо «Регар-ТадАЗ», «Эсхата» бо «Истиқлол» ва «Ҳулбук» бо «Дӯстӣ» вомехӯранд. Бозиҳои аввал 21 август, бозиҳои ҷавобӣ 28 август доир мегарданд.

Ҷоми Тоҷикистон-2019
1/8-финал

«Хатлон» (Бохтар) – «Саройкамар» (Панҷ) – бозии ҷавобӣ - 5:1, бозии аввал - 1:0 (6:1)

КМВА «Помир» (Душанбе) – «Душанбе-83» (Душанбе) – 0:0, 1:1

«Исфара» (Исфара) – «Эсхата» (Хуҷанд) – 3:3, 2:4 (5:7)

«Куктош» (Рӯдакӣ) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:2, 0:0

«Ҳулбук» (Восеъ) – «Истаравшан» (Истаравшан) – 3:1, 0:1 (3:2)

«Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ) – «Дӯстӣ» (Ҷайҳун) – 0:1, 1:1 (1:2)

«Барқчӣ» (Ҳисор) – «Истиқлол» (Душанбе) – 1:7, 2:7 (3:14)

«Ваҳдат» (Ваҳдат) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 0:5, 0:7 (0:12)