Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ду медали гуштингирони навраси тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон

Ду медали гуштингирони навраси тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон Ду медали гуштингирони навраси тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон Ду медали гуштингирони навраси тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон Ду медали гуштингирони навраси тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон

04.08.2019

: 1309

Гуштингирони навраси тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гуштини юнонӣ-римӣ сазовори ду медал – як нуқра, як биринҷӣ – гардиданд.

Чемпионати ҷаҳон оид ба гуштин миёни наврасон дар шаҳри Софияи Булғория ҷараён дорад. Аз ҷумҳурии мо се варзишгар – Фирӯз Мирзораҷабов, Шероз Очилов ва Ҷаъфарҷон Зафарзода дар равияи гуштини юнонӣ-римӣ ба чемпионат сафарбар гардиданд.
Медали нуқраро Шероз Очилов дар вазни -65кг ба даст овард. Ӯ қувваозмоиро аз даври 1/8-финал оғоз карда, бар варзишгари Арманистон Арман Хачикйан пирӯз шуд. Дар даври чорякфинал намояндаи ШМА Роберт Паул Перезро шикаст дода, ба нимфинал роҳ ёфт. Дар нимфинал намояндаи Эрон Ҳоҷат Ҳасан Ризоиро мағлуб намуд, вале дар финал аз варзишгари Белорус Дмитрий Бонка мағлуб гардида, ҷои дуюмро ишғол кард.
Фирӯз Мирзораҷабов низ рақобатро аз даври ҳаштякфинал оғоз карда, аз варзишгари Ҳиндустон Правил Патил шикаст хурд. Ӯ сипас дар қувваозмоии тасаллобахш бар намояндаи Полша Ливиа Томас Скрзипзак ва дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм бар варзишгари Руссия Умар Будаев пирӯз шуда, ҷои сеюмро ишғол намуд.
Воқеан дар таърихи варзиши тоҷик ин аввалин медалҳои гуштингирони навраси мо дар Чемпионати ҷаҳон мебошад.
Ҷаъфарҷон Зафарзода дар вазни 71кг дар нахустин қувваозмоиаш аз намояндаи Молдова Александрин Гуту шикаст хурда, аз идомаи рақобатҳо маҳрум гардид.
Ёдовар мешавем, ки Фирӯз Мирзораҷабов аввали моҳи июл дар Чемпионати Осиё медали тилло, Шероз Очилов медали биринҷӣ ба даст оварда буданд.