Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Чемпионати АФОМ: Тоҷикистон пешсаф аст!

31.07.2019

: 867

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар бозии даври чоруми Чемпионати Ассотсиатсияи Осиёи Марказӣ бар тими Эрон бо ҳисоби 3:0 ғалаба карда, мавқеашро дар ҷои аввал мустаҳкам намуд.

Бозӣ шоми 30 июл дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир гардид. Ду голро Кабир Салимшоев, як голи дигарро Суннатулло Азизов заданд. Шогирдони Аҳлиддин Турдиев дар се даври қаблӣ бо Узбекистон мусовӣ (1:1) бозӣ карда, бар дастаҳои Қирғизистон (2:0) ва Трукманистон (3:0) пирӯз шуданд.
Дар бозиҳои дигари даври чорум Узбекистон ба дарвозаи Афғонистон 3 голи беҷавоб зад, Туркманистон бар Қирғизистон бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард.
Ҳамин тариқ, баъд аз натиҷагирии чор давр тими наврасони Тоҷикистон бо ба даст овардани 10 хол пешсаф аст. Узбекистону Афғонистон бо 7-холӣ дар ҷойҳои дуюму сеюм мавқеъ доранд.
Дар даври ҷамъбастӣ фардо – 1 август – соати 20:30 тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо Афғонистон вомехурад. Барои ба даст овардани унвони чемпионӣ наврасони моро ҳисоби мусовӣ қонеъ мекунад. Соати 18:00 бошад, Эрон муқобили Қирғизистон ва Туркманистон бо Узбекистон вориди майдон мешаванд.