Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Медали нуқраи Шодмон Ризоев дар Чемпионати Осиё

Медали нуқраи Шодмон Ризоев дар Чемпионати Осиё Медали нуқраи Шодмон Ризоев дар Чемпионати Осиё

29.07.2019

: 224

Варзишгари тоҷик Шодмон Ризоев дар Чемпионати Осиё оид ба дзюдо миёни ҷавонон сазовори медали нуқра шуд.

Чемпионати Осиё миёни ҷавонон оид ба дзюдо имрӯз – 29 июл дар идомаи қувваозмоиҳо миёни наврасон дар Тайпейи Чин оғоз шуд.
Шодмон дар вазни -66кг пас аз пирӯзӣ бар варзишгарони Непал (Индра Баҳодур Шрестҳа), Ҳонг Конг (Ка Йу Лион Тайлор Чов), Кореяи Ҷанубӣ (Ҷунсик Парк) ба нифинал роҳ ёфт. Ӯ дар ин давр бар Ҳаким Агаммамедови туркман дастболо шуд, вале дар финал аз намояндаи Ҷопон Томойа Вакаса мағлуб гардида, ҷои дуюмро ишғол намуд.
Дар вазни -60кг Меҳрзод Суфиев ҷои панҷумро ишғол кард. Меҳрзод бар варзишгарони Макао (Так Чонг Чек), Тайпей (Син-Йу Чен), Кореяи Ҷанубӣ (Минчол Ким) ғалаба кард, вале дар нимфинал аз намояндаи Қирғизистон Кабанишбек Айбекуулу ва дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм аз варзишгари Муғулистон Сухбат Бйамбасурен мағлуб гардид.
Се варзишгари дигари мо – Ҷамолиддин Абдуллоев дар вазни -66кг, Муҳаммадшариф Наҷмуддинов дар вазни -73кг миёни писарон ва Шоҳида Қаландарова дар вазни -57кг миёни духтарон дар даври аввал аз ҳарифонашон мағлуб шуданд.
Фардо қувваозмоиҳо дар 4 вазн миёни писарон ва 3 вазн миёни духтарон идома меёбад. Варзишгарони мо дар се вазн миёни писарон иштирок мекунанд: Оламафрӯз Абдураҳмонов (-81кг), Эмомризо Анварзода (-90кг), Иброҳимҷон Элмуродов, Шарифҷон Назриев (-100кг).
Дар Чемпионати Осиё миёни ҷавонон 170 варзишгар (100 писар, 70 духтар) аз 21 давлат иштирок доранд.