Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Пирӯзии наврасони Тоҷикистон дар даври дуюми Чемпионати АФОМ

Пирӯзии наврасони Тоҷикистон дар даври дуюми Чемпионати АФОМ Пирӯзии наврасони Тоҷикистон дар даври дуюми Чемпионати АФОМ

28.07.2019

: 1200

27 июл дар даври дуюми Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (АФОМ) тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон бар тими наврасони Қирғизистон бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард.

Бозӣ дар Варзхишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе доир гашт. Голҳоро Муҷовид Шовайсиддинов ва Муҳаммадворис Сайдалиев ба номашон сабт карданд.
Дар бозиҳои дигар Афғонистон бар Туркманистон бо ҳисоби 1:0 ва Эрон бар Узбекистон бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуданд.
Баъд аз натиҷагирии ду давр Эрон бо касби 6 хол пешсаф аст. Тоҷикистон ва Афғонистон бо 4-холӣ дар ҷойҳои дуюму сеюм, Узбекистону Қирғизистон бо 1-холӣ дар зинаҳои чоруму панҷум мавқеъ доранд. Туркманистон бе хол дар ҷои охирин аст.
Фардо – 29 июл бозиҳои даври сеюми Чемпионати АФОМ-2019 доир мегарданд. Тими наврасони Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бо дастаи Туркманистон вомехурад. Оғози бозӣ – соати 18:00. Дар ҳамин соат дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор Қирғизистон бо Узбекистон бозӣ мекунанд. Соати 20:30 бошад, дар Душанбе бозии Эрон бо Афғонистон оғоз мешавад.
Ёдовар мешавем, ки тибқи низомнома чемпионати АФОМ (U-16) тибқи системаи даври дар як давр баргузор мешавад. Дастае, ки холҳои бештар ба даст меорад, ғолиб мегардад.