Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон Чемпионати АФОМ-ро бо мусовӣ оғоз кард

27.07.2019

: 1187

26 июл дар шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (АФОМ) миёни футболбозони то 16-сола оғоз гардид.

Тими наврасони Тоҷикистон бозии нахустинашро бо дастаи наврасони Узбекистон мусовӣ (1:1) анҷом дод. Ба голи задаи ҳамлавари узбекистонӣ Рустам Турдимуродов дар дақиқаи 28-ум, футболбозони мо тавассути голи Алиҷон Айнӣ дар дақиқаи 59-ум ҷавоб доданд.
Дар даври аввал, инчунин 2 бозии дигар баргузор шуд. Футболбозони навраси Эрон бар ҳамсолонашон аз Туркманистон бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуданд, бозии Қирғизистон ва Афғонистон мусовӣ – 2:2 – хотима ёфт.
Имрӯз – 27 июл бозиҳои даври дуюм доир мегарданд. Тими наврасони Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бо дастаи Қирғизистон вомехурад. Оғози бозӣ – соати 18:00. Дар ҳамин соат дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор ҷуфти Афғонистон-Туркманистон вориди майдон мегарданд. Соати 20:30 бошад, дар Душанбе бозии Узбекистон бо Эрон оғоз мешавад.  
Ёдовар мешавем, ки тибқи низомнома чемпионати АФОМ (U-16) тибқи системаи даври дар як давр баргузор мешавад. Дастае, ки холҳои бештар ба даст меорад, ғолиб мегардад.