Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Тими ҳандболи Душанбе дар Хоруғ ғолиб шуд

Тими ҳандболи Душанбе дар Хоруғ ғолиб шуд Тими ҳандболи Душанбе дар Хоруғ ғолиб шуд

23.07.2019

: 1099

Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳандбол миёни ҷавонон (U-22) дар шаҳри Хоруғ бо пирӯзии дастаи Душанбе ба анҷом расид.

Мусобиқа дар асоси тақвими ягонаи чорабиниҳои варзишии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, бахшида ба Солҳои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019-2021), 20-23 июл дар Маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғ бо иштироки 5 даста – Душанбе, ВМКБ, Хатлон-1, Хатлон-2 ва Суғд баргузор шуд.
Ба иттилои сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дастаҳо тибқи системаи даврӣ дар як давр бо ҳам бозӣ карданд ва дар натиҷа, дастаи Душанбе ғолиби мусобиқа гардид. Дастаҳои ҳандболи ВМКБ ҷои дуюм ва Хатлон-2 ҷои сеюмро сазовор гаштанд.
Ғолибон бо ҷом, медал, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.