Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Бозии санҷишии мунтахаби ҷавонони кишвар бо КМВА “Помир”

23.07.2019

: 973

Дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 оид ба футбол тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-18) бо дастаи КМВА “Помир” бозии санҷишӣ анҷом дод.

Вохурӣ дар варзишгоҳи клуби марказии варзишии артиши Вазорати мудофиа сурат гирифта, мусовӣ (1:1) анҷом ёфт. Ба голи задаи бозингари тими артиш Мисиам Иносента тими ҷавонон бо зарбаи нишонраси Шаҳром Самиев ҷавоб гардонд.
24 июл дастаи мунтахаби ҷавонони кишвар барои анҷом додани ду бозии санҷишӣ бо дастаи мунтахаби ҷавонони Арабистони Саудӣ дар санаҳои 26 ва 29 июл ба шаҳри Таиф сафарбар мегардад.
Ёдовар мешавем, ки дар марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 тими ҷавонони Тоҷикистон (U-18) дар гурӯҳи “С” бо дастаҳои Сурия, Лубнон ва Малдив бозӣ мекунад. Бозиҳои ин гурӯҳ 2-6 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе доир мегардад.
Дар натиҷаи марҳилаи интихобӣ, ғолибони 11 гурӯҳ ва 4 дастаи беҳтарини ҷои дуюми гурӯҳҳо ба марҳилаи финалии Чемпионати Осиё-2020 миёни ҷавонон роҳхат мегиранд.