Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Аввалин медали таеквондочиёни ҷавон дар Чемпионати Осиё

Аввалин медали таеквондочиёни ҷавон дар Чемпионати Осиё Аввалин медали таеквондочиёни ҷавон дар Чемпионати Осиё

23.07.2019

: 1556

Варзишгари ҷавону умедбахш, узви дастаи мунтахаби кишвар оид ба таеквондои ҷаҳонӣ миёни ҷавонон Муҳаммадҳасан Шоҳмаҳмадов дар Чемпионати Осиё сазовори медали биринҷӣ шуд.

Чемпионати Осиё оид ба таеквондои ҷаҳонӣ (WT) миёни ҷавонон 21-22 июл дар пойтахти Урдун – шаҳри Оммон баргузор шуд. Дар чемпионат 331 варзишгар аз 31 давлат иштирок карданд ва дар 20 категорияи вазнӣ (10 вазн миёни мардон, 10 вазн миёни бонувон) рақобат намуданд.
Муҳаммадҳасан дар вазни -73 кг бар варзишгарони Кувайт (Абдулмуҳсин Алалӣ) ва Афғонистон (Рашид Сарварӣ) ғалаба кард, вале дар нимфинал аз варзишгари Эрон Амирҳусейн Баҳрободӣ, ки ғолиби ин вазн шуд, шикаст хурд ва ҷои сеюмро ишғол намуд. Медали нуқраи вазни -73кг-ро Си-Вон Лӣ аз Корея ва медали дигари биринҷиро варзишгари қазоқистонӣ Абдураҳмон Марипов ба даст оварданд. Ба иттилои раиси Федератсияи таеквондои Тоҷикистон Ҷаҳонзеб Қармишев, ин аввалин медали варзишгарони Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё миёни ҷавонон мебошад.  
Ду варзишгари дигари мо – Лутфулло Алишон (-68кг) ва Муҳаммадҳусейн Шоҳмаҳмадов (-55кг) дар даври аввал аз ҳарифонашон мағлуб гаштанд.
Қайд кардан зарур аст, ки варзишгарон аз ҳисоби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба Урдун сафарбар гардиданд. Муҳаммадҳасан Шоҳмаҳмадов, ки чанде пеш дар Корея дар мусобиқаи байналмилалии таеквондо “Chuncheon Korea Open G-2” медали тилло ба даст оварда буд, шогирди Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои таеквондо мебошад ва таҳти роҳбарии мураббиён Исломиддин Фозилов ва Сафарбек Тошматов тамрин мекунад.
Варзишгарони Эрон бо ба даст овардани 10 медали тилло, 6 нуқра, 1 биринҷӣ ҷои аввалро ишғол намуданд. Кореяи Ҷанубӣ бо 3 медали тилло, 4 нуқра, 7 биринҷӣ дар ҷои дуюм, Чин бо 3 тилло, 1 нуқра, 2 биринҷӣ дар ҷои сеюм мавқеъ ёфтанд. Умуман, варзишгарони 16 давлат медалҳои чемпионатро ба даст оварданд.