Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Тилло ва нуқраи муштзанҳои ҷавони кишвар дар Костанай

22.07.2019

: 960

17-21 июл дар шаҳри Костанайи Қазоқистон 20-ум мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс миёни ҷавонон ба хотираи бародарон Урал ва Корган Айтеновҳо баргузор шуд.

Дар мусобиқа 105 варзишгар аз 6 давлат – Италия, Қазоқистон, Қирғизистон, Руссия, Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок карданд. Аз ҷумҳурии мо дар мусобиқа 7 варзишгар – Сорбон Каримов (49кг), Муродҷон Ёқубов (52кг), Шамшер Саидов (64кг), Далерҷон Шарипов (60кг), Шоҳрух Ҷиянов (69кг), Рамоил Қурбонов (75кг) ва Абдулло Кенҷаев (75кг) ширкат намуда, ба гирифтани ду медал – 1 тилло, 1 нуқра мушарраф шуданд.
Медали тиллоро Рамоил Қурбонов дар вазни 75 кг ба даст овард. Ӯ дар чорякфинал бар Иля Медяник, дар нимфинал бар Бекболат Абдулкарим ва дар финал бар Одил Соттибеков (ҳар се аз Қазоқистон) пирӯз шуд. Медали нуқраро бошад, Сорбон Каримов дар вазни 49кг сазовор гардид. Сорбон дар чорякфинал Арал Бозорбоев, дар нимфинал Дамир Маналибоевро шикаст дода, дар финал аз Темирлан Айтан (ҳар се аз Қазоқистон) мағлуб шуд.

Ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс миёни ҷавонон ба хотираи бародарон Айтеновҳо:
49 кг: Темирлан Айтан, Қазоқистон
52 кг: Акжигит Белгибоев, Қазоқистон
56 кг: Амирхон Токсанбоев, Қазоқистон
60 кг: Абзалбек Амангелдӣ, Қазоқистон
64 кг: Динмуҳаммад Боронулӣ, Қазоқистон
69 кг: Нурҷон Амонгелдӣ, Қазоқистон
75 кг: Рамоил Қурбонов, ТОҶИКИСТОН
81 кг: Данил Гарний, Қазоқистон
91 кг: Ернар Оспанхан, Қазоқистон
+ 91 кг: Винченсо Фиашетти, Италия