Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Баҳодур дар Ҷоми Президенти Қазоқистон ҷои сеюмро ишғол кард

Баҳодур дар Ҷоми Президенти Қазоқистон ҷои сеюмро ишғол кард Баҳодур дар Ҷоми Президенти Қазоқистон ҷои сеюмро ишғол кард Баҳодур дар Ҷоми Президенти Қазоқистон ҷои сеюмро ишғол кард

20.07.2019

: 1053

19 июл – қувваозмоиҳои даври нимниҳоии VII мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс барои дарёфти Ҷоми Президенти Қазоқистон баргузор шуд.

Чемпиони Осиё Баҳодур Усмонов дар вазни 63 кг дар ин давр аз варзишгари мизбон Закир Сафиулин шикаст хурда, ҷои сеюмро ишғол кард. Ёдовар мешавем, ки Баҳодур дар даври аввал озод буд, сипас дар чорякфинал бар варзишгари Қазоқистон Дилмурод Межитов дастболо шуд. Закир Сафиулин дар финал бо варзишгари Ҳиндустон Тапа Шива вомехурад.
Дар мусобиқа, ки аз рӯи вазнҳои олимпӣ (8 вазн миёни мардон, 5 вазн миёни бонувон) ҷараён дорад, беш аз 110 муштзан аз 11 кишвар - Алҷазоир, Булғория, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Руссия, Тоҷикистон, Узбекистон, Филиппин, Ҳиндустон ва Чин иштирок доранд. Баҳодур Усмонов бори аввал дар вазни 63кг муҳориба кард. Ӯ моҳи апрели соли равон дар Чемпионати Осиё дар вазни 64кг ғолиб омада буд.
Қувваозмоиҳои финалӣ имрӯз - 20 июл баргузор мешавад. Ғолибони мусобиқа ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 2000 доллари ШМА, барандагони медали нуқра – 1000 доллар ва барандагони медалҳои биринҷӣ 500 доллари ШМА дарёфт мекунанд.