Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Медали тиллои Муниса Ойматова дар Корея

Медали тиллои Муниса Ойматова дар Корея Медали тиллои Муниса Ойматова дар Корея

16.07.2019

: 1792

Таеквондочии ҷавони кишвар Муниса Ойматова дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Кумингёнг (G-1) ба гирифтани медали тилло даст ёфт.

Мусобиқа (Kimungyong Cup International Open Taekwondo Championships) 14 июл оғоз гардида буд ва фардо – 17 июл ба анҷом мерасад.
Ба иттилои раиси Федератсияи таеквондо (WT)-и Тоҷикистон Ҷаҳонзеб Қармишев Муниса Ойматова дар қувваозмоии вазни 49кг миёни ҷавонон баъд аз чор пирӯзӣ ба гирифтани ҷои аввал мушарраф шуд.
Ёдовар мешавем, ки варзишгарони тоҷик чанде пеш дар мусобиқаи байналмилалии таеквондо “Chuncheon Korea Open G-2” сазовори 3 медал – 1 тилло, 1 нуқра, 1 биринҷӣ гардида буданд. Муниса дар он мусобиқа сазовори медали нуқра шуда буд.