Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Мунтахаби Тоҷикистон дар финали Ҷоми байниминтақавӣ-2019

Мунтахаби Тоҷикистон дар финали Ҷоми байниминтақавӣ-2019 Мунтахаби Тоҷикистон дар финали Ҷоми байниминтақавӣ-2019

16.07.2019

: 1250

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев ҳарчанд бозии ниҳоияшро дар даври гурӯҳии мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми байниминтақавӣ-2019” дар Аҳмадобод бо дастаи Кореяи Шимолӣ бо ҳисоби 0:1 бохт, вале бо 6 хол ба финали мусобиқа роҳ ёфт.

Ҳарифи тими миллии Тоҷикистон дар финал имрӯз – 16 июл – пас аз бозии Ҳиндустон-Сурия муайян мегардад. Дар сурати пирӯзии Сурия бар Ҳиндустон мунтахаби кишвари мо дар финали Ҷоми байниминтақавӣ бо Сурия вомехурад. Аммо агар бозии имрӯза бо бохти Сурия ё мусовӣ анҷом ёбад, пас ҳарифи Тоҷикистон дар финал тими Кореяи Шимолӣ хоҳад буд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан дар даври гурӯҳии мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019» дар Аҳмадобод тими миллии Тоҷикистон бар дастаҳои мунтахаби Ҳиндустон (4:2) ва Сурия (2:0) ғалаба карда буд.

   ДАСТАҲО                                   Б        Ғ        М         Б        Т/Т         Х      
 1  Тоҷикистон  3  2  0  1  6-3  6
 2  ҶХД Корея  3  2  0  1  8-7  6
 3  Сурия  2  1  0  1  5-4  3
 4  Ҳиндустон  2  0  0  2  4-9  0