Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Кӯҳистони Мастчоҳ 29 майдончаи варзишӣ дорад

Кӯҳистони Мастчоҳ 29 майдончаи варзишӣ дорад Кӯҳистони Мастчоҳ 29 майдончаи варзишӣ дорад Кӯҳистони Мастчоҳ 29 майдончаи варзишӣ дорад Кӯҳистони Мастчоҳ 29 майдончаи варзишӣ дорад

13.07.2019

: 990

Субҳи имрӯз – 13 июл - раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам дар шаҳраки Меҳрони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз толори варзишӣ ва майдончаи варзишии ноҳия дидан ва бо варзишгарон ва мурабиёну масъулини соҳаи варзиш мулоқот намуд.

Зимни мулоқот зикр гардид, ки дар ноҳия 29 майдончаи варзишӣ, 5 толори варзишӣ фаъолият дошта, зиёда аз 510 нафар наврасу ҷавон ба варзиш машғул буда, ба онҳо 14 нафар мураббӣ аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш таълим медиҳанд. Варзишгарони ноҳия пайваста дар мусобиқаҳои сатҳи вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок менамоянд.
Сипас, аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба варзишгарони ноҳия лавозимоти варзишӣ тақдим карда шуд.