Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Суғд-1 – ғолиби Ҷоми Мураббии шоиста Нуралӣ Одинаев

12.07.2019

: 1083

Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол байни наврасдухтарони соли таваллудашон 2003 ва хурд барои дарёфти Ҷоми мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Одинаев бо пирӯзии дастаи Суғд-1 анҷом ёфт.

Мусобиқа 7-11 июл бо иштироки 8 даста дар Мактаби варзишии рақами 1-и ноҳияи Ашт баргузор шуд. Мақсад аз баргузории мусобиқа тарғиби тарзи ҳаёти солим, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ байни варзишгарон, тарғибу ташвиқи намуди волейбол байни бонувон буд.
Дар натиҷа дастаи “Суғд-1” ҷойи аввал, “Душанбе-1” ҷойи дуюм ва дастаи “Суғд-2” ҷойи сеюмро ишғол намуда, бо Ҷом, диплом ва медалҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш сарфароз гардиданд.