Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ду рекорди миллӣ ва 11 медали варзишгарони тоҷик дар Алмаато

Ду рекорди миллӣ ва 11 медали варзишгарони тоҷик дар Алмаато Ду рекорди миллӣ ва 11 медали варзишгарони тоҷик дар Алмаато Ду рекорди миллӣ ва 11 медали варзишгарони тоҷик дар Алмаато Ду рекорди миллӣ ва 11 медали варзишгарони тоҷик дар Алмаато Ду рекорди миллӣ ва 11 медали варзишгарони тоҷик дар Алмаато

08.07.2019

: 1433

Варзишгарони тоҷик дар XXIX мусобиқаи байналмилалӣ оид ба варзиши сабук - Ҷоми Гусман Косанов сазовори 11 медал гардиданд.

Мусобиқа 6-7 июл дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор шуд. Ба иттилои Федератсияи варзиши сабуки Қазоқистон, дар мусобиқаи имсола 220 варзишгар аз 14 давлат – Белорус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Туркия, Туркманистон, Узбекистон, Украина, Ҳиндустон, Эрон ширкат карданд.
Дастаи мунтахаби варзиши сабуки Тоҷикистон дар Ҷоми Гусман Касанов ба гирифтани 11 медал – 3 тилло, 4 нуқра, 4 биринҷӣ даст ёфтанд.
Гулсунбӣ Шарифова дар масофаҳои 200 (23.35 сония) ва 400 метр (52.70 сония) ду медали тилло ба даст оварда, дар масофаи 400 метр рекорди миллӣ гузошт. Медали дигари тиллоро Кристина Пронженко дар масофаи 400 метр бо монеа бо натиҷаи 58.90 сония сазовор шуд.
Одилшоҳ Исматов дар масофаи 800 метр бо натиҷаи 1:51.86, Алишер Пулотов дар масофаи 400 метр бо монеа бо натиҷаи 53.00 сония, дастаи Тоҷикистон дар эстафетаи 4х400 метр ва 4х100 метр ба гирифтани медали нуқра мушарраф гардиданд.
Медалҳои биринҷиро Абдурауф Мусоев дар гурзпартоӣ бо натиҷаи 58,70 метр, Кристина Пронженко дар масофаи 400 метр бо натиҷаи 54.53 сония, Григорий Дерипаскин дар масофаи 400 метр бо натиҷаи 47.44 сония (рекорди миллӣ) ва Фаридун Ашуров дар тела додани ядро бо натиҷаи 13.81 метр ба гардан овехтанд.
Ҷоми Гусман Косанов ба тақвими Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои варзиши сабук (IAAF) ва Ассотсиатсияи варзиши сабуки Осиё (AAA) ворид гардидааст ва мусобиқаи рейтингӣ ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 маҳсуб меёбад.