Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Чемпионати CAFA дар Тоҷикистон доир мешавад

03.07.2019

: 964

Аз 26 июл то 1 августи соли равон дар Тоҷикистон Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ миёни наврасони то 16-сола баргузор мешавад.

Чемпионат аз миёни шаш даста беҳтаринро муайян мекунад. Дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон, Турманистон, Афғонистон ва Қирғизистон иштирокчиёни Чемпионати CAFA-2019 (U-16) мебошанд. Бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор мегузаранд.
Дар Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо роҳбарии мураббӣ Аҳлиддин Турдиев ширкат мекунад. Ин мусобиқа барои мунтахаби наврасони мо як марҳилаи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 маҳсуб меёбад, ки 14-22 сентябр дар Урдун доир мегардад. Дар мусобиқаҳои интихобии Чемпионати Осиё-2020 мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи “А” бо дастаҳои Урдун, Непал, Шри Ланка ва Кувайт бозӣ мекунад.

Чемпионати CAFA-2019 миёни мунтахабҳои наврасон (U-16)

1-ум давр
26 июл (ҷумъа)
Узбекистон – ТОҶИКИСТОН
Қирғизистон – Эрон
Афғонистон – Туркманистон

2-юм давр
27 июл (шанбе)
ТОҶИКИСТОН – Туркманистон
Афғонистон – Қирғизистон
Узбекистон – Эрон

3-юм давр
29 июл (душанбе)
Туркманистон – Узбекистон
Эрон – Афғонистон
ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон

4-ум давр
30 июл (сешанбе)
Қирғизистон – Туркманистон
Эрон – ТОҶИКИСТОН
Афғонистон – Узбекистон

5-ум давр
1 август (панҷшанбе)
Туркманистон – Эрон
Узбекистон – Қирғизистон
ТОҶИКИСТОН – Афғонистон