Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Шоҳмотбоз Мутриба Ҳотамӣ – ғолиби Ҷоми Леонид Юртаев

30.06.2019

: 122

Дар шаҳри Чолпон-Отаи Қирғизистон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти Ҷоми Леонид Юртаев – аввалин гроссмейстери ин кишвар – баргузор шуд.

Ба иттилои Федератсияи шоҳмоти Қирғизистон, дар мусобиқа 160 шоҳмотбоз аз кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон ва Узбекистон ширкат намуданд. Фонди ҷаизаи мусобиқа 2000 долларро ташкил медод.
Мусобиқа аз рӯи ду категория сурат гирифт: “А” – мусобиқоти инфиродӣ аз рӯи раддабандии ҷаҳонӣ, “В” – вохуриҳо миёни кӯдакону наврасон. Бозиҳо тибқи талаботи Федератсияи байналмилалии шоҳмот аз рӯи системаи швейтсарӣ дар 9 давр баргузор шуд.
Дар категорияи “А” миёни бонувон шоҳмотбози маъруфи кишвар Мутриба Ҳотамӣ ҷои аввал, Сарвиноз Каримова ҷои сеюмро сазовор шуданд. Намояндаи дигари кишвари мо Алишер Каримов миёни мардҳо ҷои 9-умро ишғол намуд.