Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Гимнастбозони навраси тоҷик дар Тошканд соҳиби медал шуданд

Гимнастбозони навраси тоҷик дар Тошканд соҳиби медал шуданд Гимнастбозони навраси тоҷик дар Тошканд соҳиби медал шуданд

26.06.2019

: 1158

21-23 июн дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон 4-ум мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гимнастикаи бадеӣ миёни наврасон «YOUTH CUP-2019» доир гашт, ки дар он намояндагони Тоҷикистон низ иштирок карданд.

Гимнастбозони навраси кишвар дар ин мусобиқа сазовори 5 медал – 2 нуқра ва 3 биринҷӣ гардиданд. Даря Галчанская (соли таваллудаш 2010) ва Баҳор Мухакова (соли таваллудаш 2007) дар синну соли худ дар машғулиятҳо бо ҳалқа сазовори медали нуқра ва дар машғулиятҳои инфиродии чандҳарба сазовори медалҳои биринҷӣ шуданд.  Медали дигари биринҷиро Жасмина Нурматова (соли таваллудаш 2011) дар машғулияти инфиродии чандҳарба ба даст овард.
Гимнастбозон шогирдони мураббиён Виолетта Шин ва Миҷгона Шарипова мебошанд ва дар мактаби захираҳои олимпии №1-и шаҳри Душанбе омӯзиш мебинанд.