Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Хуҷанд - бори дуюм мизбони мусобиқаи байналмилалии шиноварӣ

18.06.2019

: 1091

Дар шаҳри Хуҷанд – маркази вилояти Суғд – бо ташаббуси Федератсияи миллии шиноварии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар ҳамкорӣ бо Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва МИМҲД вилояти Суғд дуюм мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ баргузор мешавад.

Ба иттилои Федератсияи миллии шиноварии Тоҷикистон, мусобиқа ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз 21 то 25 июн дар ҳавзи шиноварии Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” доир мегардад.
Дар мусобиқа иштироки беш аз 90 нафар, аз ҷумла 67 варзишгар аз 7 давлат – Афғонистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон ва Узбекистон дар назар аст.