Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Иштирокчиёни даври 1/8-финали Ҷоми Тоҷикистон муайян шуданд

18.06.2019

: 923

Бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол ҷамъбаст ва иштирокчиёни даври ҳаштякфинал муайян гардиданд.

Дар натиҷаи марҳилаи муқаддамотӣ ба даври навбатии Ҷоми Тоҷикистон 8 дастаи лигаи аввал роҳхат гирифтанд - «Барқчӣ», «Ҳулбук», «Душанбе-83», «Эсхата», «Дӯстӣ», «Саройкамар», «Исфара» ва «Ваҳдат». Дар даври 1/8-финали Ҷоми мамлакат, инчунин ҳашт дастаи лигаи олӣ ҳамроҳ мешаванд – «Истиқлол», «Хуҷанд», «Куктош», «Регар-ТадАЗ», «Хатлон», КМВА «Помир», «Панҷшер» ва «Истаравшан».
Ёдрас менамоем, ки барандаи феълии Ҷоми Тоҷикистон дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе мебошад, ки соли гузашта дар финал бар дастаи “Регар-ТадАЗ” бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд.
Қуръакашии даври 1/8-финали Ҷоми Тоҷикистон дертар баргузор мешавад.

Ҷоми Тоҷикистон-2019
Марҳилаи интихобӣ. Бозиҳои ҷавобӣ
«Шоҳмансур» (Душанбе) – «Барқчӣ» (Ҳисор) – 0:6
Бозии аввал – 1:4

«Файзканд» (Восеъ) – «Ҳулбук» (Восеъ) – 0:0
Бозии аввал – 2:3

«Парвоз» (Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд) – «Эсхата» (Хуҷанд) – 1:2
Бозии аввал – 1:0

«Дӯстӣ» (Ҷайҳун) – «Равшан» (Кӯлоб) – 2:1
Бозии аввал – 3:1

«Моҳир» (Ёвон) – «Саройкамар» (Панҷ) – 1:3
Бозии аввал – 2:5

«Равшан» (Зафаробод) – «Исфара» (Исфара) – 0:0
Бозии аввал – 0:2
«Локомотив-Помир» (Душанбе) – «Ваҳдат» (Ваҳдат) – 0:1
Бозии аввал – 0:0