Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

10 медали варзишгарони ҷавон дар “Eurasian Athletics Meeting U-20”

10 медали варзишгарони ҷавон дар “Eurasian Athletics Meeting U-20” 10 медали варзишгарони ҷавон дар “Eurasian Athletics Meeting U-20” 10 медали варзишгарони ҷавон дар “Eurasian Athletics Meeting U-20” 10 медали варзишгарони ҷавон дар “Eurasian Athletics Meeting U-20” 10 медали варзишгарони ҷавон дар “Eurasian Athletics Meeting U-20”

13.06.2019

: 1048

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба варзиши сабук дар мусобиқаи байналмилалии “Eurasian Athletics Meeting U-20” дар Алмаатои Қазоқистон 10 медал – 5 нуқра, 5 биринҷӣ - ба даст оварданд.

Мусобиқа бо иштироки варзишгарони 6 давлат – Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Ҳиндустон баргузор шуд.
Варзишгарони ҷавони тоҷик Илдар Аҳмадиев дар дав ба масофаи 100 метр бо натиҷаи 10.72 сония, Шероз Ҷабборов дар масофаи 3000 метр бо натиҷаи 11:04.25 дақиқа, Маҳбуба Тоштемирова дар масофаи 3000 метр бо натиҷаи 15:10.07 дақиқа, Лолахон Ҷумъаева дар партофти гулула бо натиҷаи 7.00 метр ва дастаи Тоҷикистон дар эстафетаи 4х100 метр миёни мардон (Илдар Аҳмадиев, Юсуфҷон Бекмуродов, Мирзодавлат Сангинзода, Муҳаммадалӣ Мирзозода) бо натиҷаи 43.12 сония сазовори медалҳои нуқра гардиданд.
5 медали биринҷиро Бобоҷон Якинов дар масофаи 5000 метр бо натиҷаи 16:42.13 дақиқа, Леонид Пронженко дар масофаи 400 метр бо монеа бо натиҷаи 55.69 сония, Илдар Аҳмадиев дар ҷаҳиш ба дарозӣ бо натиҷаи 7.10 метр, Манзаршоҳ Аъзамзода дар партофти гулула бо натиҷаи 11.90 метр ва партофти диск бо натиҷаи 37.79 метр ба даст оварданд.