Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ду рекорди миллии варзишгарони тоҷик дар Тошканд

13.06.2019

: 1104

11-12 июн дар шаҳри Тошканди Узбекистон мусобиқа оид ба варзиши сабук – “Ҷоми шаҳрҳо” баргузор гашт. Дар мусобиқа дар баробари варзишгарон аз шаҳрҳои гуногуни Ҷумҳурии Узбекистон варзишгарони Тоҷикистон ва Қазоқистон низ иштирок карданд.

Дастаи мунтахаби варзиши сабуки кишвар дар ин мусобиқа сазовори 9 медал – 5 тилло, 1 нуқра, 3 биринҷӣ гардида, Кристина Пронженко дар масофаи 400 метр бо монеа ва Гулсунбӣ Шарифова дар масофаи 200 метр рекорди миллӣ гузоштанд.
Кристина дар масофаи 400 метр бо монеа бо натиҷаи 58.47 сония мақоми аввалро ишғол кард. Гулсунбӣ Шарифова дар дав ба масофаҳои 100 метр бо натиҷаи 11.86 сония ва 200 метр бо натиҷаи 23.76 сония ду медали тилло ба даст овард. Натиҷаи рекордиаш дар даври интихобии масофаи 200 метр (23.70) ба қайд гирифта шуд. Григорий Дерипаскин низ ду медали тилло ба гардан овехт. Ӯ дар масофаҳои 200 метр бо натиҷаи 21.91 сония ва 400 метр бо натиҷаи 48.85 сония ҷои аввалро ишғол намуд. Як медали дигари тиллоро Алишер Пулотов дар масофаи 400 метр бо монеа бо натиҷаи 53.08 сония сазовор гашт. Дар ҳамин масофа варзишгари дигари тоҷик Азиз Абдуллоев бо натиҷаи 53.45 сония медали нуқра гирифт.
Медалҳои биринҷиро Григорий Дерипаскин дар масофаи 400 метр бо натиҷаи 48.85 сония, Ҳусниддин Зарифов дар ҷаҳиш ба баландӣ бо натиҷаи 2.00 метр ва Алиёр Собиров дар гурзандозӣ бо натиҷаи 21.84 метр ба даст оварданд.