Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Тими футзали кишвар омодагиаш ба ЧО-2019 анҷом дод

07.06.2019

: 1067

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футзал бо роҳбарии сармураббӣ Эраҷ Носеҳов марҳилаи омодагиашро ба Чемпионати Осиё-2019 ба анҷом расонд.

Ҷамъомади охири машқию омӯзишии даста дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон доир гашт. Дар доираи машғулиятҳои тамринӣ футболбозони ҷавони мо бо ҳамсолонашон аз Қирғизистон ду бозии санҷишӣ анҷом доданд. Дар бозии аввал, ки 3 июн доир гардид, дастаи Қирғизистон бо ҳисоби 5:4 ғалаба кард. 4 июн дар бозии дуюм тими ҷавонони мо бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд.

Бозиҳои санҷишӣ дар Бишкек барои дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футзал марҳилаи ниҳоии омодагӣ ба Чемпионати Осиё-2019 маҳсуб меёфт, ки 14-22 июн дар шаҳри Табрези Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор мешавад. Мунтахаби ҷавонони мо дар гурӯҳи “С” бо дастаҳои Ҷопон (14 июн) ва Ветнам (15 июн) бозӣ мекунад.
Дар Чемпионати футзали Осиё-2019 12 дастаи мунтахаб иштирок мекунанд, ки ба 4 гурӯҳи 3-дастаӣ тақсим шудаанд. Пас аз натиҷагирии марҳилаи гурӯҳӣ аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ ба чорякфинал роҳхат мегиранд.