Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Мусобиқа ба хотираи Гранаткин: Юнон - Тоҷикистон – 4:4

06.06.2019

: 964

Дастаи мунтахаби наврасони кишвар (U-17) бозии аввалашро дар Мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи Валентин Гранаткин дар шаҳри Санкт-Петербурги Руссия дар гурӯҳи “В” бо тими наврасони Юнон мусовӣ анҷом дод – 4:4.

Нимаи аввали дидор бо ҳисоби 3:1 ба нафъи юнониҳо ба поён расид. Футболбозони мо дар нимаи дуюм тавонистанд аз бохт наҷот ёбанд.
Ҳисобро дар дақиқаи 10-ум бозингари тими ҳариф Тимианис кушод. Дар дақиқаи 34-ум бозингари тими Тоҷикистон Шарифбек Раҳматов ҳисобро баробар кард. Юнониҳо дар дақиқаҳои охири нимаи аввали бозӣ тавассути голҳои задаи Мичелис ва Тимас ҳисобро афзуданд – 3:1. Рустам Соиров дар дақиқаи 63-юм аз пеналтӣ ва дар дақиқаи 70-ум ду гол зад. Як голии дигари дастаҳоро Тсакирис дар дақиқаи 66, Ислом Зоиров дар дақиқаи 67-ум ба ҳадаф расониданд.
Дар бозии дигари гурӯҳ тими наврасони Туркия бар Қирғизистон бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард.
Дар даври навбатӣ шогирдони Зайниддин Раҳимов 7 июн бо ҳамсолонашон аз Қирғизистон бозӣ мекунанд. Оғози бозӣ соати 14:00 бо вақти Душанбе. Дар бозии ниҳоии гурӯҳӣ (10 июн) ҳарифи тими Тоҷикистон дастаи наврасони Туркия мебошад.
Дар Мусобиқа ба хотираи Гранаткин 12 даста иштирок доранд, ки ба се гурӯҳ тақсим шудаанд. Ғолибони гурӯҳҳо ва беҳтарин дастаи ҷои дуюми гурӯҳҳо ба нимфинал роҳ меёбанд. Боқимонда дастаҳо барои ҷойҳои 5-12 мусобиқаро идома медиҳанд.