Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ҳарифони тими наврасони Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии ЧО-2020 маълум шуд

Ҳарифони тими наврасони Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии ЧО-2020 маълум шуд Ҳарифони тими наврасони Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии ЧО-2020 маълум шуд

09.05.2019

: 1015

Дар қароргоҳи Конферетсияи футболи Осиё дар шаҳри Куала Лумпур 9 май қуръакашии марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 миёни наврасони то 16-сола баргузор шуд.

Дар натиҷа, тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба гурӯҳи “А” шомил шуд. Ҳарифони футболбозони навраси мо ҳамсолонашон аз Урдун, Непал, Шри Ланка ва Кувейт ҳастанд. Мусобиқаи интихобии гурӯҳи “А” 14-22 сентябри соли 2019 дар Урдун баргузор мешавад.
Дар марҳилаи интихобӣ ҳамагӣ 47 даста ширкат мекунанд, ки дар маросими қуръакашӣ ба 11 гурӯҳ тақсим шуданд - дар минтақаи Ғарб 6 гурӯҳ, дар минтақаи Шарқ - 5.
Тибқи низомнома ғолибони 11 гурӯҳ ва 4 дастаи беҳтарини ҷои дуюми гурӯҳҳо ба марҳилаи финалии Чемпионати Осиё-2020 роҳхат мегиранд. Ҷои баргузории марҳилаи финалӣ ҳоло маълум нест. Дар сурате, ки мизбони чемпионат миёни ғолибон ва 4 дастаи беҳтарини ҷои дуюми гурӯҳҳо бошад, пас дастаи панҷуми ҷои дуюми гурӯҳҳо, ки натиҷаи беҳтар дорад, ҳаққи иштирок дар марҳилаи финалиро пайдо мекунад.

Натиҷаи қуръакашии марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 миёни наврасони то 16-сола:

Минтақаи Ғарб
Гурӯҳи «А»: ТОҶИКИСТОН, Урдун (мизбон), Непал, Шри Ланка, Кувайт.
Гурӯҳи «В»: Ҳиндустон, Узбекистон (мизбон), Баҳрайн, Туркманистон.
Гурӯҳи «С»: Эрон (мизбон), Афғонистон, Фаластин, Малдив.
Гурӯҳи «D»: Уммон, Арабистони Саудӣ (мизбон), Сурия, Покистон.
Гурӯҳи «Е»: Яман, Бангладеш, Қатар (мизбон), Бутан.
Гурӯҳи «F»: Ироқ, Қирғизистон (мизбон), Лубнон, АМА.

Минтақаи Шарқ
Гурӯҳи «G»: Индонезия (мизбон), Чин, Бруней, Филиппин, Ҷазираҳои Марианаи Шимолӣ.
Гурӯҳи «Н»: Австралия, Ветнам (мизбон), Тимори Шарқӣ, Муғулистон, Макао.
Гурӯҳи «I»: ҶХД Корея, Ҳонг Конг, Сингапур (мизбон), Гуам.
Гурӯҳи «J»: Ҷопон, Малайзия, Камбоҷа, Лаос (мизбон).
Гурӯҳи «К»: Кореяи Ҷанубӣ, Тайланд, Мйанма (мизбон), Тайпейи Чин.