Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Варзишгарони навраси тоҷик – ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ

26.04.2019

: 590

7-ум Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштини юнонӣ-римӣ миёни наврасон бо пирӯзии варзишгарони Тоҷикистон ба анҷом расид.

24-25-уми апрел дар Муассисаи давлатии «Маркази омодагии олимпии дастаҳои мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон» мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини юнонӣ-римӣ миёни наврасони соли таваллудашон 2001-2003 баргузор гардид.
Мусобиқа бо ибтикори Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти шиори «Варзиш – рамзи дӯстии халқу миллатҳо!» ба ифтихори 74-ум солгарди ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон роҳандозӣ гардида, дар он варзишгарони наврасу ҷавон аз кишварҳои ҳамсояи Қирғизистон, Узбекистон, Қазоқистон, инчунин минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ширкат варзиданд ва тибқи талаботи қоидаҳои байналмилалии гӯштини тарзи юнонӣ-румӣ варзишгарон дар 10 вазн барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ гуштин гирифтанд.
Дар натиҷа, дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷойи аввал, дастаи Ҷумҳурии Қазоқистон ҷойи дуюм ва дастаи Ҷумҳурии Узбекистон ҷойи сеюмро ишғол намуданд. Ғолибону ҷоизадорон аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бо медалҳо, ифтихорнома ва туҳфаҳои арзишнок мукофотонида шуданд.