Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Баҳодур Усмонов – Чемпиони Осиё оид ба бокс

Баҳодур Усмонов – Чемпиони Осиё оид ба бокс Баҳодур Усмонов – Чемпиони Осиё оид ба бокс

26.04.2019

: 1620

Муштзани тоҷик Баҳодур Усмонов дар вазни 64кг миёни мардҳо Чемпиони Осиё шуд.

Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни мардҳо ва бонувон дар шаҳри Бангкоки Тайланд имрӯз ба анҷом мерасад.
Баҳодур Усмонов 26 апрел дар вохурии ниҳоӣ бар варзишгари Урдун Обада Ал-Касбе ғолиб омад.
Ёдовар мешавем, ки Баҳодур Усмонов дар даври аввал озод буд, сипас дар даври дуюм бар варзишгари Ҷопон Далсуки Нариматсу, дар чорякфинал бар Туғрулбег Паззиев аз Туркманистон ва дар нимфинал бар варзишгари Қазоқистон Саматалӣ Толтаев ғалаба кард.
Баҳодур Усмонов зери дасти мураббии маъруф Мирзо Шамсиев тамрин мекунад ва моҳи феврали имсол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қирғизистон низ соҳиби медали тилло гардида буд.
Баҳодур баъд аз 8 сол медали тиллои Чемпионати Осиё оид ба боксро ба Тоҷикистон овард. Соли 2011 муштзани маъруфи кишвар Анвар Юнусов дар вазни 56кг дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ ба унвони Чемпиони Осиё даст ёфта буд. Ҳамчунин, Ҷаҳон Қурбонов соли 2008 ва Мавзуна Чориева соли 2010 чемпиони Осиё оид ба бокс гардида буданд.