Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ду ҷои панҷуми дзюдочиёни тоҷик дар Чемпионати Осиё

22.04.2019

: 1043

Варзишгарони тоҷик дар ду рӯзи аввали Чемпионати Осиё оид ба дзюдо, ки дар шаҳри Фуҷайраи АМА ҷараён дорад, аз медалҳо бенасиб монданд.

Дар рӯзи аввал Хайёмиддин Ҷабборов дар вазни -66кг ҷои панҷумро ишғол кард. Хайёмиддин дар даври муқаддамотӣ бар варзишгарони Ҷазираҳои Соломон (Тони Ломо), Ҷопон (Кензо Тагава), Муғулистон (Баскҳу Йондонперенлей) ғалаба карда, ба нимфинал баромад. Ӯ дар нимфинал аз Ерлан Серикжанови қазоқ, ки ғолиби ин вазн гардид ва дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм аз Артур Те аз Қирғизистон мағлуб шуд.
Дар рӯзи дуюм Сомон Маҳмадбеков низ ҷои панҷумро ишғол кард. Ӯ дар дар даври аввал бар варзишгари Ҷопон Рентаро Нагамӣ, дар даври дуюм бар намояндаи Қазоқистон Оқилбек Серик ғалаба карда, вале дар чорякфинал аз варзишгари Эрон Муҳаммад Муҳаммадӣ шикаст хурд. Сомон, сипас дар қувваозмоии тасаллобахш бар варзишгари Австралия Калвин Кноестер пирӯз шуд, аммо дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм аз Ҳикматулло Тураеви узбекистонӣ мағлуб гардид.
Варзишгари дигари тоҷик Акмал Муродов дар вазни -81кг баъд аз пирӯзӣ бар намояндаи Арабистони Саудӣ Ҷобир Алҳазрӣ, дар даври дуюм аз варзишгари Чин Ласай Жа шикаст хурд.
Имрӯз – 22 апрел - қувваозмоиҳои вазнҳои -90кг, -100кг, +100кг баргузор мегарданд, ки чор варзишгари тоҷик рӯи гилем мебароянд. Дар вазни -90кг Комроншоҳ Устопириён рақобатро аз даври дуюм оғоз мекунад. Ҳарифаш ғолиби ҷуфти Давлат Бобонов (Узбекистон) / Мунҳҷаргал Эрденехуу (Муғулистон) мебошад.
Саидҷалол Саидов (-100кг) низ дар даври аввал озод аст. Ӯ дар даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Ҳусайн Шоҳ (Покистон) / Кийотака Секине (Ҷопон) гуштин хоҳад гирифт.
Дар вазни +100кг ҷумҳурии моро ду нафар намояндагӣ мекунанд. Темур Раҳимов дар даври дуюм бо Ракан Зайдан (Арабистони Саудӣ) ва Шакармамад Мирмамадов дар даври аввал бо варзишгари Чин Йонгҷе Йин қувва месанҷанд.
Кумитаи миллии олимпӣ ба варзишгарони тоҷик муваффақият таманно мекунад.