Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Дилшод Назаров раиси Федератсияи варзиши сабуки ОМ интихоб шуд

21.04.2019

: 1775

20 апрел дар шаҳри Доҳаи Қатар, пешорӯи Чемпионати Осиё оид ба варзиши сабук, ҷаласаи Конгресси Федератсияи варзиши сабуки Осиё доир гардид.

Дар ҷаласа Доҳлан Ҳамади қатарӣ дигарбора президенти Федератсияи варзиши сабуки Осиё интихоб гардид. Ӯ то соли 2023 ин ниҳоди қоравиро роҳбарӣ хоҳад кард.
Дар ҷаласа, ҳамчунин ноибони президент, аъзои Кумитаи иҷроия ва дигар ниҳодҳо интихоб гардиданд.
Ба иттилои ТВ “Варзиш”, аз ҷумла, варзишгари маъруфи кишвар, чемпиони Бозиҳои олимпӣ, раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон Дилшод Назаров раиси Федератсияи варзиши сабуки Осиёи Миёна интихоб шуд. Федератсияи варзиши сабуки Осиё Дилшод Назаровро, инчунин раиси Комиссияи варзишгарон интихоб намуд.
Бо дастгирии роҳбарони федератсияҳои варзиши сабуки қитъаи Осиё ба Дилшод Назаров ҷоизаи “Беҳтарин гурзандози Осиё” тақдим гардид.