Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Мусобиқаи шиноварӣ ба ифтихори Наврӯз

Мусобиқаи шиноварӣ ба ифтихори Наврӯз Мусобиқаи шиноварӣ ба ифтихори Наврӯз Мусобиқаи шиноварӣ ба ифтихори Наврӯз

29.03.2019

: 931

28 март дар ҳавзи шиноварии Маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» мусобиқаи кушод оид ба шиноварӣ баргузор гардид.

Ба иттилои Федератсияи миллии шиноварии Тоҷикистон, мусобиқа бо ибтикори Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ҷиҳати иҷрои дастури роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат ва ба муносибати иди Наврӯз доир гашта, дар он 80 нафар кормандони корхонаю идораҳо, варзишгарони ҷавону навраси мактабҳои варзишии шаҳри Душанбе дар ҳайати 15 даста иштирок намуданд.
Варзишгарон дар равияҳои тарзи озод, парвона, пуштнокӣ ва брасс ба масофаҳои 25 ва 50 метр миёни бонувон ва ҷавонон барои ба даст оҷардани ҷойҳои ифтихорӣ талош намуданд.
Дар натиҷа, варзишгарони дастаи «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ ҷойи аввал, дастаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҷойи дуюм ва Мактаби маҳорати олии варзишии №4-и шаҳри Душанбе мақоми сеюмро ишғол намуданд.