21.03.2019
: 1165
Қабл аз оғози бозиҳои марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 дар гурӯҳи “F”, дар толори конфронси варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Тошканди Узбекистон нишасти матбуотӣ баргузор шуд, ки дар он сармураббиёни дастаҳои мунтахаби олимпии Тоҷикистон, Узбекистон ва Ҳиндустон иштирок карданд.
Усмон Тошев, сармураббии мунтахаби олимпии Тоҷикистон:
- Дар навбати аввал ҳозиринро ба муносибаи ҷашни Наврӯз табрик мегӯям. Мо ба марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё ҷиддӣ омодагӣ дидем. Мо ин бозиро мунтазир будем ва аз рӯи нақша тайёрӣ дидем. Омодагии мо аз моҳи январ шуруъ шуд. Дар ин муддат дар хориҷи кишвар – Қатар, Туркия, АМА - се ҷамъомади машқӣ гузаронидем. Дар доираи ҷамъомадҳо мо 8 бозии таҷрибавӣ анҷом додем. Кӯшиш мекунем бозии хуб нишон дода, мухлисонро шод гардонем.
Дар бораи ҳарифон чӣ гуфта метавонам? Узбекистон яке аз дастаҳои пурқуввати Осиё маҳсуб мешавад. Ҳиндустон низ дастаи пурзур аст. Моро бозиҳои душвор интизор аст. Мо бо тамоми қувва ба майдон хоҳем баромад. Пеши даста як вазифа гузошта шудааст – роҳ ёфтан ба марҳилаи финалии Чемпионати Осиё-2020.
Любинко Друлович, сармураббии мунтахаби олимпии Узбекистон:
- То оғози марҳилаи интихобӣ мо ҷамъомадҳоро дар Испания ва Туркия гузаронидем ва якчанд бозии санҷишӣ низ доир кардем. Мақсади ягонаи мо ғалаба дар ҳамаи бозиҳо ва баромадан ба марҳилаи финалӣ мебошад. Ман аз бозингарон розиам. Ҳолати физикии онҳо маро қонеъ мекунад. Дар марҳилаи интихобӣ мо ҳамчун чемпиони амалкунандаи Осиё баромад мекунем. Ин омил ба мо ҳаяҷону фишори бештар меорад. Умуман, дар футбол ҳамеша ҳаяҷону фишор мавҷуд аст, ки як чизи муқаррарӣ мебошад.
Деррик Перейра, сармураббии мунтахаби олимпии Ҳиндустон:
- Мо барои модагӣ ба мусобиқаи интихобӣ вақти зиёд надоштем. Даста 3 март дар Гоа ҷамъ омад, баъдан дар Қатар ҷамъомади машқӣ ташкил карда, бо мунтахаби олимпии ин кишвар бозии санҷишӣ анҷом додем ва бохтем (0:1). Новобаста ба ин, мо тамоми саъямонро мекунем, то ба марҳилаи финалии Чемпионати Осиё-2020 роҳхат бигирем. Бисёри бозингарони мо ҷавонанд ва мо ба онҳо бовар дорем. Мо ҳарифонро омӯхтем. Узбекистон чемпиони феълии Осиё дар ин синну сол мебошад. Тоҷикистон дорои дастаи хуб ташкилшуда аст. Маълум аст, ки бозӣ муқобили онҳо осон нахоҳад буд.