Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Дар Ҷоми ҷаҳонии қайиқронӣ 4 варзишгари тоҷик иштирок мекунанд

19.03.2019

: 909

23-25 март дар шаҳри Бҳопали Ҳиндустон Ҷоми кушоди ҷаҳон оид ба қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ баргузор мешавад.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар мусобиқаи мазкур муайян  гардид. Ба иттилои Федератсияи қайиқронии ҷумҳурӣ, дар Ҷоми кушоди ҷаҳон ҷумҳурии моро 4 варзишгар - Зоҳирҷон Набиев, Шаҳриёр Даминов, Нурмуҳаммади Тоҳир ва Мустафо Даминов бо роҳбарии раиси федератсия Файзулло Шарипов намояндагӣ мекунанд.
Иштирок дар Ҷоми ҷаҳон дар Бҳопал барои қайиқронҳои мо аввалин мусобиқаи таҷрибавӣ қабл аз Чемпионати ҷаҳон (моҳи август дар Маҷористон) маҳсуб меёбад. Варзишгарони мо, ҳамчунин моҳи май дар ду марҳилаи Ҷоми ҷаҳон дар Лаҳистон ва Олмон иштирок мекунанд.
Дар чемпионати ҷаҳон варзишгароне, ки ҷойҳои аз 1 то 5-умро ишғол менамоянд, соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 мегарданд.