Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Иштироки ҳазорон нафар дар Дави наврӯзӣ ва Марафони велосипедронӣ

Иштироки ҳазорон нафар дар Дави наврӯзӣ ва Марафони велосипедронӣ Иштироки ҳазорон нафар дар Дави наврӯзӣ ва Марафони велосипедронӣ Иштироки ҳазорон нафар дар Дави наврӯзӣ ва Марафони велосипедронӣ Иштироки ҳазорон нафар дар Дави наврӯзӣ ва Марафони велосипедронӣ Иштироки ҳазорон нафар дар Дави наврӯзӣ ва Марафони велосипедронӣ

16.03.2019

: 1130

16 март дар ҷумҳурӣ, ба хотири сазовор таҷлил намудани иди байналмилалии Наврӯз, Дави наврӯзӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор шуд.

Ин чорабиниҳо дар шаҳри Душанбе бо иқдоми Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, дастгирии мақомоти иҷрои ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва дар ҳамкорӣ бо Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар масири маҳаллаи Чорбоғ – Наврӯзгоҳ сурат гирифт. Дар он садҳо нафар сокинони пойтахт, донишҷӯёну кормандони мақомоти давлатӣ ва сарбозон иштирок карданд.
Ҳоизиринро раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, муовини Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ шодбош гуфта, барояшон муваффақият хостанд.
Қайд гардид, ки бо таваҷҷуҳу ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи варзиш сол то сол рушд мекунад. Зери ғамхориҳои Пешвои миллат имрӯз дар ҷумҳурӣ беш аз 1,6 миллион нафар ба варзиш машғуланд ва варзишгарони мо дар мусобиқаҳои гуногуни сатҳи байналмилалӣ иштирок карда, дар муаррифии давлату миллати тоҷик саҳми босазо мегузоранд.
Наврӯз иди аҷдодии милати тоҷик аст ва аз қадим мусобиқаҳои варзишӣ як рукни муҳими таҷлили ин ид мебошад. Бо иқдоми Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар рӯзҳои таҷлили иди Наврӯз беш аз 150 чорабинии варзишӣ доир хоҳад шуд, ки муҳимтарини онҳо мусобиқаҳои гуштини миллӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва пойгаи аспдавонӣ дар шаҳри Душанбе мебошад.
Таъкид шуд, ки давоми ду соли охир фақат дар пойтахти кишвар бо ҳидояту дастурҳои Сарвари давлат ва дастгирии Раиси шаҳри Душанбе ҳудуди 200 иншооти варзишӣ сохта ва ба истифодаи сокинону меҳмонони пойтахт супорида шудааст.
Дар Марафони велосипедронӣ ва дар Дави наврӯзӣ ҳазорон нафар ширкат карданд. Иштирокчиёни фаъол бо “Сипоснома”-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.