Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

“Ҷавонони Тоҷикистон” дар таблиғи тарзи ҳаёти солим нақши муҳим дорад

“Ҷавонони Тоҷикистон” дар таблиғи тарзи ҳаёти солим нақши муҳим дорад “Ҷавонони Тоҷикистон” дар таблиғи тарзи ҳаёти солим нақши муҳим дорад “Ҷавонони Тоҷикистон” дар таблиғи тарзи ҳаёти солим нақши муҳим дорад

12.03.2019

: 1057

Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик, ки ҳар сол 11 март таҷлил мешавад, ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Абдуллозода Аҳтам бо кормандони рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” мулоқот кард.

Аҳтам Абдуллозода хабарнигоронро бо иди касбиашон табрик гуфта, саҳми журналистонро дар ташвиқу тарғиби варзиш ва ҳаракати олимпӣ муҳим арзёбӣ намуд.
- Рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳамчун сохтори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар татбиқи сиёсати давлат дар самти варзиш, тарғибу ташвиқи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш саҳми назаррас дорад, - гуфт А. Абдуллозода.
Дар идома қайд гардид, ки чун кормандони рӯзнома аксаран ҷавонанд, бояд дар навиштан ва пешниҳоди матлабҳо, аз ҷумла таблиғу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ба воситаи варзиш фаъол бошанд.
Ҳамчунин, хабар дода шуд, ки чанд сол боз бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш миёни хабарнигорони кормандони ВАО мусобиқаҳои варзишӣ ташкил ва гузаронида мешавад. Имсол ба муносибати Рӯзи матбуот миёни дастаҳои идораҳои ВАО мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми журналистони ҷавон” баргузор гардид, имрӯз – 11 март бозии ниҳоӣ миёни дастаҳои ТВ “Варзиш” ва ТВ “Сафина” доир гардид ва Ҷоми журналистони ҷавон насиби дастаи ТВ “Варзиш” шуд.
Ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик чанд нафар корманди рӯзнома бо “Сипоснома” ва туҳфаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Кумитаи миллии олимпӣ қадрдонӣ гардиданд.