Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Меъёрҳо барои дарёфти роҳхати олимпӣ дар варзиши сабук муайян шуд

11.03.2019

: 1127

Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои варзиши сабук (IAAF) барои интихоби варзишгарон ҷиҳати иштирок дар Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио аз ду роҳ – раддабандии ҷаҳонӣ ва иҷрои меъёрҳо истифода мекунад.

Варзишгарон имкон доранд аз рӯи мавқеашон дар раддабандии IAAF, ки ба таври таҷрибавӣ бори аввал амалӣ мегардад, соҳиби роҳхати олимпӣ гарданд, ҳамчунин, тариқи тарзи анъанавӣ - иҷрои меъёрҳои муқарраргардида аз ҷониби IAAF.
Ин тасмим дар ҷаласаи Шӯрои IAAF дар Доҳаи Қатар гирифта шуд. Дар робита ба ин масъала ассотсиатсия баргузории семинарҳои омӯзиширо бо варзишгарон ва федератсияҳои варзиши сабук ба нақша гирифтааст.
Хабар дода шудааст, ки 50 дарсади варзишгарон тариқи раддабандӣ ва 50 дар сад тариқи иҷрои меъёрҳои муқарраркардаи IAAF ҷиҳати иштирок дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 интихоб мешаванд.
Шӯро, инчунин меъёрҳоро барои ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 ва тақвими се чорабинии сатҳи ҷаҳониро оид ба варзиши сабук дар соли 2020 тасдиқ намуд.
Тибқи системаи нав, ки мусобиқаҳои бештарро фаро мегирад, варзишгарон барои ба даст овардани роҳхати олимпӣ имконияти беҳтар доранд. Марҳилаи интихобӣ барои варзиши сабук 1 майи соли 2019 оғоз мегардад (на 1 июли 2019, ки қаблан тасдиқ шуда буд) ва мусобиқаҳои бештарро фаро мегирад, мисли Лигаи алмосии IAAF, ки 3 май дар Доҳа баргузор мешавад. Марҳилаи интихобӣ 29 июни соли 2020 ба анҷом мерасад.
Вале марҳилаи интихобӣ барои қувваозмоии марафони дав ба масофаи 50км, бо мақсади ба варзишгарон додани вақти кофӣ ҷиҳати омодагӣ ба бозиҳо, охири моҳи майи соли 2020 ба анҷом мерасад.
3 мусобиқае, ки дар соли 2020 ба нақша гирифта шудааст, чемпионати ҷаҳон дар толор (Нанкин, Чин), чемпионати ҷаҳон оид ба ниммарафон (Гдине, Лаҳистон) ва чемпионати ҷаҳон оид ба роҳравии варзишӣ (Минск, Белорус) мебошад.
Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи варзиши сабук дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 1900 варзишгар ширкат мекунанд.

Меъёрҳои муқарраркардаи IAAF барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020: