Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар Тошканд бо Покистон бозӣ намекунад

07.03.2019

: 1109

Мунтахаби олимпии Покистон (U-23) аз иштирок дар марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2020, ки 22-26 март дар Тошканд баргузор мешавад, маҳрум карда шуд.

Бо сабаби даст кашидани мунтахаби Покистон аз иштирок дар марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2020, Конфедератсияи футболи Осиё ҷадвали бозиҳоро дар гурӯҳи “F” тағйир дод, ки акнун дар ин гурӯҳ се даста бозӣ мекунанд – Узбекистон, Тоҷикистон, Ҳиндустон. Марҳилаи интихобӣ 22-26 март дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор мешавад ва ҳамаи бозиҳо дар варзишгоҳи “Пахтакор” сурат мегиранд.
Марҳилаи интихобии чемпионати Осиё дар гурӯҳи “F” 22 март бо бозӣ миёни тимҳои олимпии Узбекистон ва Ҳиндустон оғоз мегардад. Дар даври дуюм 24 март Тоҷикистон бо Ҳиндустон қувва меозмоянд. Дар даври ниҳоӣ 26 март Узбекистон ва Тоҷикистон вориди майдон мешаванд.
Баъд аз натиҷагирии марҳилаи интихобӣ ғолибони 11 гурӯҳ, инчунин 4 дастаи беҳтарини гурӯҳҳо ба марҳилаи финалии чемпионати Осиё, ки 8-26 январи соли 2020 дар Тайланд баргузор мешавад, роҳхат мегиранд. Агар мизбони чемпионат – мунтахаби олимпии Тайланд дар гурӯҳаш ҷои аввалро ишғол кунад ё миёни 4 дастаи беҳтарини ҷойи дуюму гурӯҳҳо бошад, пас дастаи панҷуми ҷои дуюми гурӯҳҳо, ки натиҷаи беҳтар дорад, соҳиби роҳхат ба марҳилаи финалӣ мегардад.

Се дастаи беҳтарини чемпионати Осиё-2020 дар Тайланд ҳаққи иштирок дар Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро ба даст меоранд.

Чемпионати Осиё-2020 миёни ҷавонон (U-23)
Марҳилаи интихобӣ. Гурӯҳи «F»

1-ум давр
22 март (ҷумъа). Оғоз – 17:00

Ҳиндустон – Узбекистон

2-юм давр
24 март (якшанбе). Оғоз – 17:00

ТОҶИКИСТОН – Ҳиндустон

3-юм давр
26 март (сешанбе). Оғоз – 17:00

Узбекистон – ТОҶИКИСТОН