Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

“Истиқлол” бори панҷум ғолиби Ҷоми ФФТ шуд

06.03.2019

: 933

Дастаи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе дар таърихи мавҷудияташ маротибаи панҷум ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон гардид.

Дар бозии ниҳоии мусобиқа барои дарёфти Ҷоми ФФТ “Истиқлол” бар тими “Куктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳисоби 5:2 пирӯз шуд. Қаблан клуби футболи Душанбе солҳои 2014, 2015, 2017, 2018 соҳиби Ҷоми ФФТ гардида буд.
Дар ҳайати тими ғолиб голҳоро Искандар Ҷалилов, Алишер Ҷалилов, Муҳаммадҷон Раҳимов, Шериддин Бобоев ва Аҳтам Назаров заданд. Дар ҳайати “Куктош” бошад, голҳоро Меҳроҷиддин Музаффаров ва Абдурасул Раҳмонов ба номашон сабт карданд.
Дар бозӣ барои ҷои сеюм “Регар-ТадАЗ” бар “Душанбе-83” ғалаба кард – 4:1.
Дар марҳилаи финалии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон 8 даста – “Истиқлол”, “Регар-ТадАЗ”, “Куктош”, “Душанбе-83” (аз минтақаи Душанбе), “Истаравшан”, “Гулистон” (аз минтақаи Суғд) ва “Ҳулбук”, “Арал” (аз Хатлон) иштирок карданд.