Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Универсиадаи зимистона-2019 расман ифтитоҳ гардид

Универсиадаи зимистона-2019 расман ифтитоҳ гардид Универсиадаи зимистона-2019 расман ифтитоҳ гардид Универсиадаи зимистона-2019 расман ифтитоҳ гардид

03.03.2019

: 1069

Шоми 2 март маросими кушодашавии Универсиадаи ҷаҳонии зимистона-2019 доир гардид, ки бори аввал дар таърих дар Федератсияи Руссия баргузор мешавад. Дар чорабинӣ Президенти Федератсияи Руссия Владимир Путин ва президенти Федератсияи байналмилалии варзиши донишгоҳӣ Олег Матисин иштирок карданд.

Универсиадаи зимистона-2019-ро Президенти Федератсияи Руссия Владимир Путин кушода эълон кард: “Шом ба хайр дӯстони гиромӣ! Имрӯз дар Красноярск, дар соҳили дарёи бузурги Енисей иди донишҷӯён аст, ҷашни ҷавонӣ ва дӯстӣ, рақобатҳои шадид ва одилона. Ҳозорон варзишгар аз даҳҳо кишвар ҳунари худ, неру ва ҷасораташонро, албатта дар эҳтиром бо ҳариф нишон медиҳанд...
XXIX Универсиадаи ҷаҳонии зимистонаро кушода эълон мекунам!»
Сафирони Унивесиадаи зимистона-2019 - чемпиони дукаратаи олимпӣ Светлана Хоркина ва 10-карата чемпиони ҷаҳон Сергей Ломанов оташи бозиҳои донишҷӯёнро рӯшан карданд, ки то анҷоми бозиҳо - 12 март фурузон хоҳад монд.
Чун анъана паради варзишгарон доир гашт. Дар бозиҳои донишҷӯён варзишгарони 58 давлат иштирок мекунанд, ки шумораи рекордӣ дар таърихи Унисерсиадаи зимистона мебошад.
Кишварҳое, ки бо ҳайати калон дар бозиҳо иштирок мекунанд, Руссия (293 варзишгар), Швейтсария (99 варзишгар), Чин (79 варзишгар) мебошанд. Дастаҳои Исландия ва Мексика аз 1-нафарӣ иборатанд, Лихтенштейн бошад, 2 нафар.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 5 нафар – 4 варзишгар (Садолати Ибодулло, Сайфиддини Низомиддин, Соҳибназар Соҳибов, Баракатулло Зокиров) бо роҳбарии раиси Ассотсиатсияи варзишгарони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон Шодӣ Сафаров бо дастгирии Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиш, Донишгоҳи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар Универсиадаи зимистона иштирок мекунанд.
Донишҷӯ-варзишгарон барои 76 маҷмӯи медалҳо аз рӯи 11 намуди варзиш мубориза мебаранд: биатлон, лижаронии кӯҳӣ, кёрлинг, лижаронӣ, сноуборд, ҳадафгирии варзишӣ бо лижа, рақси рӯи ях, фристайл, хоккей, хоккей бо тӯб, шорт-трек.
Варзишгарони мо дар намуди лижаронии кӯҳӣ, қувваозмоиҳои слаломи бузург (7-8 март) ва слалом (10-11 март) баромад мекунанд.