Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Қуръакашии тақвими чемпионати Тоҷикистон-2019 доир шуд

01.03.2019

: 1033

28 феврал дар шаҳри Душанбе маросими қуръакашии тақвими чемпионати Тоҷикистон-2019 миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд.

Дар 28-ум чемпионати мамлакат 8 клуби футбол иштирок мекунанд: “Истиқлол”, КМВА “Помир” (ҳар ду аз Душанбе), “Хуҷанд” (Хуҷанд), “Куктош” (Рӯдакӣ), “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода), “Хатлон” (Бохтар), “Панҷшер” (Ҷалолиддин Балхӣ) ва “Истаравшан” (Истаравшан).
Чемпионати Тоҷикистон дар се марҳила баргузор гардида, ҳар даста 21 бозӣ анҷом медиҳад.
Дар маросим аввал қуръакашии ду марҳила доир гардид ва баъдан сеюм марҳила. Барои ду марҳилаи аввал рақами клубҳо ба таври зайл мушаххас шуд:

1. “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода)
2. “Куктош” (Рӯдакӣ)
3. “Панҷшер” (Ҷалолиддин Балхӣ)
4. “Хуҷанд” (Хуҷанд)
5. “Хатлон” (Бохтар)
6. “Истаравшан” (Истаравшан)
7. КМВА «Помир» (Душанбе)
8. “Истиқлол” (Душанбе)

Дар асоси тақвими муайяншуда дар даври аввали чемпионат, ки 6-7 апрел баргузор мешавад, “Регар-ТадАЗ” бо “Истиқлол”, “Куктош” бо КМВА “Помир”, “Панҷшер” бо “Истаравшан” ва “Хуҷанд” бо “Хатлон” вомехуранд.
Баъд аз қуръакашии марҳилаҳои якуму дуюм муайян карда шуд, ки дар марҳилаи сеюм кадом даста дар меҳмонӣ ва кадом даста дар майдони худ бозӣ мекунанд. Дар асоси қуръакашӣ клубҳо чунин рақамгузорӣ шуданд:

1. “Истиқлол” (Душанбе)
2. “Истаравшан” (Истаравшан)
3. “Куктош” (Рӯдакӣ)
4. “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода)
5. “Панҷшер” (Ҷалолиддин Балхӣ)
6. “Хуҷанд” (Хуҷанд)
7. КМВА “Помир” (Душанбе)
8. “Хатлон” (Бохтар)

Тибқи тақвим дар даври аввали марҳилаи сеюм “Истиқлол” бо “Хатлон”, “Истаравшан” бо КМВА “Помир”, “Куктош” бо “Хуҷанд” ва “Регар-ТадАЗ” бо «Панҷшер” бозӣ хаҳанд кард.
Дар асоси низомнома, дастае, ки дар мавсими 2019 ҷои охирро ишғол мекунад, аз лигаи олӣ хориҷ мешавад. Дастаи ҷои ҳафтуми мавсим барои мондан дар лигаи олӣ бо дастаи ҷои дуюми лигаи аввал бозии гузаришӣ анҷом медиҳад.