Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Мунтахабҳои олимпии Тоҷикистону АМА ду бозии рафиқона анҷом медиҳанд

20.02.2019

: 1103

Дар доираи идомаи омодагӣ ба марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2020 дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол бо роҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев дар Дубай ба ҷамъомади машқӣ-таълимӣ фаро гирифта мешавад.

Дар ҷамъомади машқӣ-таълимии мазкур дастаи олимпии мо бо тими олимпии Амороти Муттаҳидаи Араб ду бозии рафиқона анҷом медиҳад. Вохуриҳо 8 ва 11 март ба нақша гирифта шудааст.
Дар марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2020, ки 22-26 март дар Тошканд баргузор мешавад, мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар гурӯҳи “F” бозӣ мекунад. Ҳарифонаш дастаҳои олимпии Ҳиндустон (22 март), Покистон (24 март) ва Узбекистон (26 март) ҳастанд.
Дар натиҷаи марҳилаи интихобӣ ғолибони 11 гурӯҳ, инчунин 4 дастаи беҳтарин ҷои дуюми гурӯҳҳо ба марҳилаи финалии чемпионати Осиё-2020, ки 8-26 январи соли 2020 дар Тайланд доир мегардад, роҳхат мегиранд. Дар сурате ки тими олимпии Тайланд дар марҳилаи интихобӣ дар гурӯҳаш ғолиб ояд ё миёни 4 дастаи беҳтарин ҷои дуюми гурӯҳҳо бошад, пас дастаи панҷуми ҷои дуюми гурӯҳҳо ҳаққи иштирок дар марҳилаи финалиро пайдо мекунад.
Се дастаи беҳтарини чемпионати Осиё-2020 дар Тайланд роҳхати Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро ба даст меоранд.

Бозиҳои рафиқона
8 март (ҷумъа)
АМА (U-23) – Тоҷикистон (U-23)
Дубай, АМА

11 март (душанбе)
АМА (U-23) – Тоҷикистон (U-23)
Дубай, АМА